Номаи якуми
Юҳанно
Пешгуфтор
1
Шаҳодат дар бораи Каломи ҳаёт
Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем. Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд. Мо ба шумо дидаву шунидаамонро эълон мекунем, то шумо низ шарики муносибатҳои мо шавед, ки ин муносибат аслан бо Падари Осмонӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ аст. Ин суханонро барои он менависем, ки шодии мо* Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «шодии шумо» омадааст. пурра гардад.
Бо роҳи равшанӣ рафтан
Ана ин пайғом, ки мо аз Масеҳ шунидем ва ба шумо эълон мекунем: «Худо нур аст ва дар Ӯ ҳеҷ торикие вуҷуд надорад». Пас, агар гӯем, ки бо Худо муносибат дорем, аммо бо роҳи торикӣ равем, он гоҳ мо дурӯғгӯй ҳастем ва дар ростӣ зиндагӣ намекунем. Аммо агар мо дар равшанӣ роҳ равем, ҳамон тавре ки Худо дар равшанӣ аст, пас бо якдигар муносибат дорем ва он гоҳ хуни Писари Ӯ, Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад. Лекин агар гӯем, ки мо гуноҳкор нестем, худро фиреб медиҳем ва нишон медиҳем, ки дар вуҷудамон ростӣ нест. Вале агар ба гуноҳҳои худ иқрор шавем, он гоҳ Худо, ки бовафо ва одил аст, гуноҳҳои моро мебахшад ва аз ҳар нодурустӣ моро пок месозад. 10 Агар гӯем, ки ҳеҷ гуноҳ накардаем, Худоро дурӯғгӯй мекунем ва нишон медиҳем, ки каломи Ӯ дар мо нест.

*1:4 Дар баъзе нусхаҳои қадими навиштаҷот «шодии шумо» омадааст.