Номаи
Ёқуб
Пешгуфтор
1
Ман — Ёқуб, бандаи Худо ва Худованд Исои Масеҳ саломи худро ба дувоздаҳ қабилаи Исроил, ки саросари дунё парокандаанд, мефиристам.
Душвориҳо ва васвасаҳо
Бародаронам, вақте ки ҳар гуна душвориҳо ба саратон меоянд, онҳоро бо шодию хурсандӣ қабул кунед, зеро медонед, ки ҳангоми аз санҷиш гузаштани имонатон сабру тоқататон обутоб меёбад. Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол расида шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад.
Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад. Вале ҳангоми талаб кардан бояд бешакку шубҳа боварӣ дошта бошед, ки Ӯ медиҳад. Зеро касе, ки шубҳа мекунад, монанди мавҷи баҳр аст, ки бо вазидани шамол пасту баланд мешавад. Бигзор чунин шахс фикр накунад, ки аз ҷониби Худованд чизе гирифта метавонад, чунки ӯ дудила буда, дар ҳар қарори худ ноустувор аст.
Бародари бечора бояд аз он фахр кунад, ки Худо ӯро сарбаланд кардааст. 10 Сарватманд бошад, аз он фахр кунад, ки Худо ӯро хоксор мегардонад, чунки умри ӯ мисли гули саҳро мегузарад. 11 Чуноне ки аз нурҳои сӯзони офтоб сабзаҳо хушкида ва баргҳои гул рехтаву аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, сарватманд низ ҳангоми саргармии машғулияташ аз ин дунё меравад.
12 Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони худ ваъда додааст. 13 Аммо, вақте ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо худ ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад. 14 Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад. 15 Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад.
16 Пас, эй бародарони азизам, фиреб нахӯред, 17 балки бидонед, ки ҳар неъмати нек ва бекамбудӣ аз боло, яъне аз ҷониби Падар меояд, ки Ӯ Офарандаи офтобу моҳ ва ситораҳо мебошад. Агарчи ин ҷисмҳои осмонӣ гоҳе равшану гоҳе тира мешаванд, Худо ҳеҷ вақт тағйир намеёбад. 18 Ӯ аз рӯйи хости худ ба воситаи каломи ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввал бошем.
Шунидану иҷро кардан
19 Бародарони азизам, дар ёд дошта бошед, ки ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад. 20 Чунки қаҳру ғазаби инсон он ҳаёти дурустеро, ки аз рӯйи хости Худо аст, ба амал намеорад. 21 Бинобар ин ҳар бадӣ ва бадахлоқии одатшударо аз худ дур намоед ва каломи ба дилатон кошташударо хоксорона қабул кунед, ки ин калом ҷонатонро наҷот дода метавонад.
22 Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред. 23 Агар каломро фақат гӯш кунеду иҷро накунед, монанди шахсе ҳастед, ки рӯйи худро дар оина мебинаду 24 аз пеши он дур рафтан замон аз ёдаш мебарорад, ки чеҳрааш чӣ гуна буд. 25 Лекин шахсе, ки ба қонуни комил ва озодибахшанда бодиққат нигоҳ карданро давом медиҳаду суханони шунидаашро фаромӯш накарда, иҷро мекунад, дар ҳар кораш баракат меёбад.
26 Ҳар кӣ худро диндор ҳисоб мекунаду забонашро идора карда наметавонад, ҳам худро фиреб медиҳад ва ҳам диндориаш ба як пули пуч намеарзад. 27 Вале диндорие, ки Падари мо Худо пок ва беайбу нуқсон ҳисоб мекунад, ин аст, ки ба ятимону бевазанон дар ҳолати душвориашон ғамхорӣ кунем ва худро аз олуда шудан бо ин ҷаҳон нигоҳ дорем.